Эмомалӣ Раҳмон маоши олимонро 28 фоиз зиёд кард

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, моҳи сентябр музди меҳнати зиёдшударо танҳо кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тобеи он мегиранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, 20 сентябр фармони президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи зиёд […]

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, моҳи сентябр музди меҳнати зиёдшударо танҳо кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои тобеи он мегиранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, 20 сентябр фармони президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид.

Гуфта мешавад, дар асоси фармони мазкур андозаи зиёдшавии музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоизро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.