Сокинони пойтахт ду касро бо зарби мушту корд куштанд

Кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карданд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи […]

Кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи ӯ зарба задааст, ки охирин ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ғайр аз ин, сокини дигари 18-солаи пойтахт низ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 18-уми сентябр дар назди бинои маркази савдои “Душанбе”-и пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати рости шикамаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин кормандони милитсия марди 77-солаи сокини деҳаи Ниширёни ноҳияи Раштро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

Номбурда рӯзи 16-уми сентябр дар манзили истиқоматиаш бо писари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1 маротиба ба шиками ӯ задааст, ки дар натиҷа, писараш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.