“Диссернет” боз ду олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Пойгоҳи тадқиқотии "Диссернет" ду олими дигари тоҷикро ба асардуздӣ ҳангоми навиштани рисолаи илмияшон муттаҳам карда, ба шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки унвони илмии онҳо бекор карда шавад. Тибқи иттилои пойгоҳ, ин бор муаллифони он Рабиева Таҳмина, мудири шӯъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Қобилов Далер, номзади илмҳои иқтисодӣ ба сирқати […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пойгоҳи тадқиқотии "Диссернет" ду олими дигари тоҷикро ба асардуздӣ ҳангоми навиштани рисолаи илмияшон муттаҳам карда, ба шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки унвони илмии онҳо бекор карда шавад.

Тибқи иттилои пойгоҳ, ин бор муаллифони он Рабиева Таҳмина, мудири шӯъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Қобилов Далер, номзади илмҳои иқтисодӣ ба сирқати илмӣ гунаҳкор шудаанд.

Ҳамчунин, яке аз Пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки Рабиева Таҳмина аз унвони “номзади илми иқтисод” маҳрум карда шавад.

Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ, Рабиева Таҳмина ҳангоми навиштани рисолаи номзадӣ дар мавзуи “Рушди истеҳсоли саноати ивазкунандаи воридот дар шароити иқтисоди давраи гузариши Тоҷикистон” (Развитие импортозамещающего промышленного производства в условиях переходной экономики Таджикистана) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Алексей Терехов “Повышение конкурентоспособности импортозамещающей продукции промышленных предприятий”, ки соли 2000 дифоъ шудааст ва Некрой Забиров “Развитие предпринимательства и его регулирование в условиях переходной экономики Республики Таджикистан”, ки соли 2004 дифоъ шудааст, бардошта, даст ба асардуздӣ задааст.

– Коршиноси “Диссернет” бо андӯҳ ба мубаддал гаштани Русия (ҳам дар кулл ва ҳам дар ҷузъ (Тотористон) ва Белорусия ба Тоҷикистон (саҳ. 39, 51-52, 96-103, 107), бо таассуф ба нобудшавии Ширкати истеҳсолӣ –тиҷоратии «Кристина», ҶСК «Красный Восток» саҳ. 54-55, 144-145) ва бо тааҷҷуб ба дасткашӣ аз арақ ва машрубот ва иваз кардани онҳо ба нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва афшураҳо (саҳ. 35-36) дар умум, ва бо ҳайрат ба пайдо шудани “Қонуни патент” (саҳ.40) дар Тоҷикистон назорат мекарданд,- менависад ин пойгоҳ дар шарҳи рисолаи илмии Рабиева.

Гуфта мешавад, ки Таҳмина Рабиева дар 63 саҳифаи рисолаи илмияш аз кори Терехов Алексей ва дар 31 саҳифааш аз рисолаи Некрой Забиров саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Ба навиштаи “Диссернет” Рабиева 12 марти соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбари Абдуғаффор Рауфӣ дифоъ намудааст.

"Диссернет" дар мавриди кори илмии Далер Қобилов "Механизмҳои танзим ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Механизмы регулирования и государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан) навиштааст, ки бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Олга Литвинова “Формы поддержки и механизм регулирования малого предпринимательства в сфере платных услуг”, ки соли 2000 дифоъ шудааст, Олга Коверченко  “Малое и среднее предпринимательство в условиях рынка: перспективы и приоритеты развития”, ки соли 2005 дифоъ шудааст ва Светлана Вишнякова  “Малое предпринимательство – стратегический фактор развития производственной сферы региона : На примере Карачаево-Черкесской Республики”, ки соли 2004 дифоъ шудааст, бардошта, даст ба асардуздӣ задааст.

Далер Қобилов 29-саҳифаи кори худро аз рисолаи мазкури Олга Литвинова, 25 саҳифаашро аз рисолаи Олга Коверченко  ва 12 саҳифаашро аз рисолаи Светлана Вишнякова қисман ё пурра рӯйбардор кардааст.

Пойгоҳ менависад, ки Қобилов 26 марти соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зери роҳбари З. Султанов дифоъ намудааст.

Гуфта мешавад, ки «Диссернет» ба яке аз Пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Русия тавсия додааст, ки Қобилов аз рисолаи илмии “номзади илми иқтисод” маҳрум карда шавад. То ҳол маълум нест, ки пажӯҳишгоҳ чунин тавсияро додааст ё не.

То кунун мавқеи Рабиева ва Қобилов дар мавриди ин таҳқиқи “Диссернет” маълум нест.

Пойгоҳи “Диссернет” як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли охир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ мутаҳҳам кард, аммо дар ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.

Аммо баъдан пойгоҳи "Диссернет" хабар дод, ки раёсати КОА (ВАК)-и Русия тавсия додааст, ки унвони доктории Сангинов бекор карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.