Тазоҳуроти ронандагони боркаш дар назди Вазорати нақлиёт

Имрӯз, 23 сентябр, зиёда аз 50 ронандаи мошинҳои боркаш дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ омада, аз тамаъҷӯии ғайриқонунӣ ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат барои интиқоли борҳои байналмилалӣ шикоят карданд. Ронандагоне, ки аз Узбекистон ба интиқоли бор машғуланд, хашмгинанд, ки арзиши ба истилоҳ "иҷозатнома" қариб ҳафт маротиба – аз 60 доллар то 400 доллар боло бурда шудааст. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 23 сентябр, зиёда аз 50 ронандаи мошинҳои боркаш дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ омада, аз тамаъҷӯии ғайриқонунӣ ҳангоми гирифтани ҳуҷҷат барои интиқоли борҳои байналмилалӣ шикоят карданд.

Ронандагоне, ки аз Узбекистон ба интиқоли бор машғуланд, хашмгинанд, ки арзиши ба истилоҳ "иҷозатнома" қариб ҳафт маротиба – аз 60 доллар то 400 доллар боло бурда шудааст.

Иҷозат (жаргон) як ҳуҷҷати дуҷонибаи иҷозатдиҳӣ мебошад, ки ба ронанда ҳуқуқи интиқоли мол аз кишвари дигарро медиҳад.

Вазорати нақлиёт: Мушкилиро ҳал мекунем

Аз Вазорати нақлиёт ба  «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шахсони масъули ин ниҳод ронандагонро қабул ва гуфтугӯ карда, ба санҷиши эътимоднокии амалҳои ғайриқонуние, ки онҳо мегӯянд, шурӯъ кардаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ин ҳуҷҷат аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо муроҷиати боркашон тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.

Аз вазорат шарҳ доданд, ки ҳуҷҷати мазкур ҳамагӣ 84 сомонӣ (7,5 доллар) нарх дорад, на 60 доллар ё  400 доллар.

Интизор меравад, ки роҳбарияти Вазорати нақлиёт ҳамаи ҷонибҳо, аз ҷумла ширкатҳои логистикиро гирд оварда, ин масъаларо баррасӣ мекунанд.

"Агар маълум шавад, ки тамаъҷӯии ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, парвандаро мақомоти дигар баррасӣ хоҳанд кард", – афзуд Вазорати нақлиёт.

Ва ин ҳам охири кор нест

Интиқолдиҳандагон инчунин аз болоравии нархи китоби “Нақлиёти байналмилалии боркашонӣ” (TIR Carnet), ки он 350 доллар аст, шикоят мекунанд, ки он тавре маълум аст, даҳ маротиба арзонтар – 35 доллар нарх дорад.

Китоби “Нақлиёти байналмилалии боркашонӣ ҳуҷҷати транзитии гумрукӣ мебошад, ки ҳуқуқи интиқоли молро аз сарҳади давлатҳо дар кузовҳои мошин ё контейнерҳои дар гумрук мӯҳрзадашударо медиҳад.

Китоби мазкур гузариши расмиёти гумрукиро ҳангоми интиқоли борҳои мутақобила байни кишварҳое, ки Конвенсияи дахлдори байналмилалиро имзо кардаанд, содда мекунад.

Зиёда аз 50 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин конвенсия имзо гузоштанд.

Китоб аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилии кишвари иштироккунандаи конвенсия, ки дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи нақлиёти байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, нашр шудааст.

Ҳуҷҷате, ки мӯҳлати он аз 75 рӯз зиёд нест, аз ҷониби роҳбарияти Ассотсиатсия, корманди мақомоти гумрук ва соҳиби бевоситаи воситаи нақлиёт имзо карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио