Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки то 29-уми сентябр дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ин давра дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон суръати вазиши шамол то ба 17-22 м/с мерасад.

КҲФ инчунин хабар медиҳад, ки дар қисмати ғарбии ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ ва вилояти Суғд бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро  риоя намоянд, бахусус фосилаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шаванд, зеро эҳтимоли сангрезиш ва ё омадани селҳо зиёд аст.

Гуфта мешавад, бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои доимӣ КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба гирифторони касалиҳои рагу дил, қанд ва гипертония бештар диққат диҳанд.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумори телефонҳои 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ:  223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.

Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд. Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...