Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки то 29-уми сентябр дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ин давра дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон суръати вазиши шамол то ба 17-22 […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки то 29-уми сентябр дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ин давра дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон суръати вазиши шамол то ба 17-22 м/с мерасад.

КҲФ инчунин хабар медиҳад, ки дар қисмати ғарбии ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ ва вилояти Суғд бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро  риоя намоянд, бахусус фосилаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шаванд, зеро эҳтимоли сангрезиш ва ё омадани селҳо зиёд аст.

Гуфта мешавад, бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои доимӣ КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба гирифторони касалиҳои рагу дил, қанд ва гипертония бештар диққат диҳанд.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумори телефонҳои 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ:  223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.

Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд. Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.