Замони пандемия Тоҷикистон ақибмонии содиротро аз воридот ба таври назаррас кам кард

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳудуди 4,1 млрд долларро ташкил дод, ки 33% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо (фарқият байни харид ва фурӯш) манфӣ боқӣ монда, лекин акнун ҳаҷми содирот нисбат ба воридот на се баробар камтар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳудуди 4,1 млрд долларро ташкил дод, ки 33% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо (фарқият байни харид ва фурӯш) манфӣ боқӣ монда, лекин акнун ҳаҷми содирот нисбат ба воридот на се баробар камтар то замони оғози пандемия, балки ҳамагӣ 54% (1,2 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ 1,1 млрд доллар ва воридоти он ба кишвар – 3,3 млрд долларро ташкил дода буд.

Тӯли 8 моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта 37% зиёдтар мебошад.

Содирот аз рӯи гуруҳи молҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2021

Воридоту молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи зиёда аз 2,6 млрд доллар сурат гирифтааст, ки 31,4% зиёдтар дар муқоиса бо 8 моҳи соли гузашта мебошад.

Воридот аз рӯи гуруҳи молҳо дар моҳҳои январ-августи соли 2021

Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-августи ҳамин сол Тоҷикистон бо 113 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ($764 млн), Қазоқистон ($748 млн), Швейтсария ($724), Чин ($549 млн), Ӯзбекистон ($276 млн), Туркия ($240 млн) дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.