Латифи Пидром: Мавқеи Душанбе дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест

Дар муроҷиати видеоии худ сиёсатмадори афғон Абдул Латиф Пидром гуфт, изҳороти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест. Ӯ зикр кардааст, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва  Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта […]

Asia-Plus

Дар муроҷиати видеоии худ сиёсатмадори афғон Абдул Латиф Пидром гуфт, изҳороти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест.

Ӯ зикр кардааст, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва  Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.

Пидром ҳамчунин дар бораи дахолати Покистон изҳори назар намуда, сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистонро ба Кобул хотиррасон кардааст ва гуфтааст, шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ҷиҳати ба расмият шинохтани Толибон даст ёбанд.

“Кадом кишвар ба умури Афғонистон дахолат мекунад: давлате, ки роҳбари хадамоти иктишофии он ба Афғонистон барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозӣ корҳо меояд ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил карда шаванд?”, – иброз доштааст сиёсатмадор.

Илова бар ин, Пидром гуфтааст, иродаи неки Тоҷикитсон аст, ки бо вуҷуди таъхир дар пардохт аз Афғонистон, Душанбе интиқоли барқро ба ин кишвар идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини роҳбари ҳукумати муваққатии толибон мулло Абдул Ғанӣ Бародар ва Абдул Салом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.

Пидром дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» гуфта буд, агар Толибон ба такшили як ҳукумати фарогире, ки хости аксари мардуми Афғонистон аст, тан надиҳанд, муваффақ намешаванд. Таҷрибаи ҳамаи ҳукуматҳои инҳисорӣ, яктарафа ва султаталаб дар Афғонистон ноком будааст.

Мусоҳибаро ин ҷо метавонед тамошо кунед: 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.