Оҷонсӣ: Тоҷикистон интизори посухи Чин оид ба барқарор кардани парвозҳо аст

То ҳол маълум нест, ки парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин кай барқарор мешавад ва дар робита ба ин масъала Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Чин аст. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс» хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки онҳо ҳанӯз моҳҳои май – июн ба унвонии мақомоти Чин ва Ситоди […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

То ҳол маълум нест, ки парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин кай барқарор мешавад ва дар робита ба ин масъала Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Чин аст. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс» хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки онҳо ҳанӯз моҳҳои май – июн ба унвонии мақомоти Чин ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии мубориза бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон барои боз кардани парвозҳо ба ин кишвар мактуб ирсол карданд, вале бо гузашти беш аз 5 моҳ то ба ҳол аз ҳарду ҷониб посух нагирифтанд.

«Мо омодагии худро барвақт арз карда будем. Вазъияти коронавирус ҳам беҳтар шудааст. Вале то ба ҳол ҷониби Чин ба мактуби расмии мо посух надодааст. Мо интизорем»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аз сабаби баста будани роҳҳо садҳо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Чин таҳсил мекарданд, наметавонанд баргарданд. Ҳамчунин набудани хатсайрҳо кори тоҷиронро, ки аз ин ҳамсоякишвар молу маҳсулот меварданд, мушкил кардааст.

Хабари боз нашудани парвозҳо аз Тоҷикистон ба Чин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳудуди як сол пеш, директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода дар суҳбат бо "Азия плюс" гуфта буд, ки интизор меравад, ниммаҳои моҳи октябри соли 2020 парвоз ба самти Душанбе – Урумчӣ оғоз ёбад. Вале то ҳанӯз ин парвоз барқарор нашуд ва то ба ҳол ҳеҷ ҳавопаймое аз Тоҷикистон ба Чин парвоз намекунад.

Он замон Субҳонзода қайд карда буд, ки ин тасмим аз ҷониби  ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст ва парвозҳо тибқи ҳама меъёрҳои санитарию гигиении марбут ба пандемияи коронавирус анҷом дода мешаванд.

«Вобаста ба шумораи мусофирон, парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Урумчӣ дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ва ширкати чинии «China Southern Airlines» анҷом дода мешаванд»,- гуфта буд роҳбари агентӣ.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳанӯз 10 апрели соли 2020 Тоҷикистон марзҳои худро бо Чин баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.