Fantom Foundation мегӯяд, дар бораи рақамисозии пули миллии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил кардааст

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти расонаҳои хориҷиро вобаста ба имзои созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо платформаи байнулмилалии Fantom Foundation, ки ба корҳои асъори рақамӣ машғул аст, рад мекунад. Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи БМТ гуфта мешавад, бо ширкати Fantom Foundation дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва ягон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти расонаҳои хориҷиро вобаста ба имзои созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо платформаи байнулмилалии Fantom Foundation, ки ба корҳои асъори рақамӣ машғул аст, рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита нашршудаи БМТ гуфта мешавад, бо ширкати Fantom Foundation дар мавриди Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) ягон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо нарасонидааст ва ягон хел тасмим ҳам гирифта нашудааст.

“Маълумот оид ба ҷорӣ намудани Платформаи асъори рақамӣ (CBDC) тавассути БМТ дар Тоҷикистон нодуруст буда, ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд”, – омадааст дар раддия.

Дар БМТ таъкид мекунанд, ки аз ин рӯ БМТ аллакай дар хусуси интишори иттилои нодуруст ба фонди Fantom Foundation мактуб ирсол намудааст.

Дар хабарҳо бо истинод ба твиттери Fantom Foundation доир ба “шарикӣ бо яке аз бонкҳои Тоҷикистон – Ориёнбонк” ҷиҳати таҳияи асъори миллии рақамии кишвар (CBDC)” маълумот дода мешавад.

Маълумоти васеъ аз твиттери Fantom Foundation хориҷ шуда, лекин дар ҷадвали замонии хабарҳо дар чунин шакл боқӣ мондааст.

Дар хабарҳо зикр мешавад, ки Fantom Foundation мутобиқи қарордод, сомонии тоҷикиро барои пардохтҳои чакана ва тиҷоратӣ рақамӣ сохтанист.

“Барои таҳия ва баргузории озмоиши шабакаҳои пардохти чакана ва тиҷоратӣ бо версияи рақамишудаи асъори Тоҷикистон, БМТ ба Orienbank ва Fantom ҳамроҳ мешавад”, – таъкид мешавад дар хабарҳо.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки пас аз рақамисозии асъори Тоҷикистон Fantom роҳандозии чунин корҳоро дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст.

Fantom Foundation ICO аз худ чун “аввалин дар ҷаҳон платформа барои смарт-қарордодҳо дар заминаи DAG” мавқеъгирӣ мекунад.

Маълумоти муфассал дар бораи ин платформа дар сомонаи он қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.