Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ бо сафари корӣ ва вилояти Хатлон рафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент нахуст ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ бо сафари корӣ ва вилояти Хатлон рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент нахуст ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошт ва онро ифтитоҳ намуд.

Дар идома сарвари давлат дар ин ноҳия 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод.

Гуфта мешавад, ин шоҳроҳ бо маблағҳои буҷетӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гардидааст.

Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки “Москва” бо паҳноии 7,5 метр асфалтпӯш гардид, дар доираи навсозии роҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон 4 пул низ таъмиру навсозӣ гардидаанд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор дод. Иншооти мазкур аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда, дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.