Эмомалӣ Раҳмон ба хатлониён 7,4 млрд сомонӣ маблағгузорӣ ваъда кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр пас аз иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ президент таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи oукумати мамлакат барои таъмин намудани […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр пас аз иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ президент таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи oукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 15 млрд сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 39 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз 5,8 млрд сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, дар ин давра ба вилоят зиёда аз 18,9 млрд сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки 11,1 млрд сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ ва 7,8 млрд сомонӣ сармояи мустақими дохилӣ мебошад.

Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 амалисозии боз 345 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 7,4 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 млн сомонӣ оғоз гардид.

“Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад”, – зикр кард президент.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.