Баҳси 150 ҳазор сомонӣ. Чаро корманди “Амонатбонк” даст ба худкушӣ зад?

Ҷасади ба дор овезони Ғиёсиддин Аюбзодаро шаби 4 ба 5-уми октябр аз ҷойи кораш ёфтанд.  Ӯ хазинабони филиали “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ буд. Мақомот то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо наздиконаш  мегӯянд, марги ин ҷавони 27-сола ба баҳси оилавӣ рабте надорад, онҳо ангушти ишора ба баҳси пулӣ мекунанд. […]

Ҳалим Ҷураев, Asia-Plus

Ҷасади ба дор овезони Ғиёсиддин Аюбзодаро шаби 4 ба 5-уми октябр аз ҷойи кораш ёфтанд.  Ӯ хазинабони филиали “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ буд.

Мақомот то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо наздиконаш  мегӯянд, марги ин ҷавони 27-сола ба баҳси оилавӣ рабте надорад, онҳо ангушти ишора ба баҳси пулӣ мекунанд.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки писараш пеш аз марг як номаи чорсаҳифагӣ гузоштааст. Хуҷов ҷузъиёти номаро ифшо накард, вале ишора кард, ки “касони гунаҳкор дар марги писараш аз рӯйи қонун ҷазо мебинанд”.

“Дар нома ба маънои қарзи маблағ ҳам чанд ҷумла зикр кардааст. Аммо ин ба ман рӯшан нест, ки кадом қарз. Қаблан ҳамдеҳагон аз кори писарам боре ҳам шикоят накарда буданд. Ӯ маблағро худаш ба деҳа меовард, ҳамаи бадбахтӣ аз ҳамин сар зад”- гуфт падари Ғиёсидин.

Аммо Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, додситони ноҳия тафтишотро оғоз кардааст.

“Ӯ бо мардум муносибати хуби корӣ дошт. Атрофи мушкилоташ боре ҳам сухан накарда буд. Аз мушкили дигараш мо хабар надорем, худаш медонад. Музди меҳнат, нафақаро ҳар моҳ сари вақт тақсим мекард, ҳеҷ мушкил набуд”, – таъкид кард раиси ҷамоат.

Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнӣ мегӯяд, марги корманди зери дасташ ба муносибати корияш  рабте надорад. Ӯ овозаҳоро атрофи он, ки гӯё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, беасос хонд. Мудири бонк низ номаро хондааст ва мегӯяд, инҷо гап сари 150 ҳазор сомонӣ меравад.

“Ман номаро хондам, дар он шикоят аз кормандони бонк нест. Дар ин нома гуфта шудааст, ки аз як одам 150 ҳазор сомонӣ бо фоиз пул гирифтааст. Он рӯз он нафарон пуле, ки барои нафақа буд, аз ӯ гирифтаанд ва ҳоло қисме аз он маблағ боқӣ мондааст. Ин зиёнро бояд он одамоне, ки маблағро аз ӯ гирифтаанд, барқарор кунанд”, – гуфт Мерганов.

Ғиёсиддин Аюбзода 27 сол дошт ва соҳиби 3 фарзанд – як писар ва ду духтар буд. Ӯ ягона писар дар хонавода буд ва падару модараш омӯзгори мактаби рақами 10 дар деҳаи Ревад мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.