Намояндагони Тоҷикистон ҷараёни интихоботи президентиро дар Ӯзбекистон пайгирӣ мекунанд

Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Дилшод Раҳмон ва Мақсудалӣ Умарализода ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Ӯзбекистон, ки 24 октябр доир мегардад, пайгирӣ (мониторинг) мекунанд. Вакилон ба сифати нозирони байнулмилалӣ аз Тоҷикистон ба ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода онро роҳбарӣ мекунад, шомил мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” […]

Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Дилшод Раҳмон ва Мақсудалӣ Умарализода ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Ӯзбекистон, ки 24 октябр доир мегардад, пайгирӣ (мониторинг) мекунанд.

Вакилон ба сифати нозирони байнулмилалӣ аз Тоҷикистон ба ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода онро роҳбарӣ мекунад, шомил мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.

Ғайр аз ин, сиёсатмадори тоҷик, собиқ дабири кулли ИДМ Рашид Алимов низ ба ҳайати намояндагони СҲШ оид ба мониторинги интихобти президенти Ӯзбекистон шомил карда шудааст.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷараёни баргузории маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистонро дар ҳайати намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ пайгирӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон аз 5 ҳизби сиёсӣ номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".