Кӯмакхоҳии Тоҷикистон аз ду созмони байналмилалӣ

Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хостори кӯмаки бештари молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ин хоҳиш дирӯз, 5 октябр зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо  Завқизода Завқӣ бо директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Катаржина […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хостори кӯмаки бештари молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ин хоҳиш дирӯз, 5 октябр зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо  Завқизода Завқӣ бо директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи ХБА Пиотр Трабинский баён шудааст.

Гуфта мешавад, ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони ин ду созмони байналмилалӣ хуш пазируфта шудааст.

Завқизода аз директорони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА хоҳиш намуд, ки ҷиҳати афзоиш додани дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд, ки хуш пазируфта шуд, менависад сомонаи вазорат.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ки директорони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани ММД-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.