Вазорати адлия: Сайфуллозодаро узви гурӯҳи “Раҳмон Гитлер” латукӯб кард

Вазорати адлияи Тоҷикистон вобаста ба гӯё шиканҷа шудани рӯзноманигор ва собиқ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода вокуниш карда, гуфтааст, ӯ шиканҷа нашуда, балки дар пайи муноқишаи лафзӣ дар маҳбас латукӯб шудааст. Дар вокуниш, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, омадааст, “санҷиш муайян кард, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон вобаста ба гӯё шиканҷа шудани рӯзноманигор ва собиқ узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода вокуниш карда, гуфтааст, ӯ шиканҷа нашуда, балки дар пайи муноқишаи лафзӣ дар маҳбас латукӯб шудааст.

Дар вокуниш, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, омадааст, “санҷиш муайян кард, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон ("Раҳмон Гитлер") – Турсунов Аслиддин дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст”.

Ба иттилои расмӣ, Аслиддин Турсуновро бо гуноҳи вайрон кардани тартиботи дохили зиндон ба 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ андохтаанд.

«Муоинаи пешакии тиббӣ нишон дод, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накардааст»,- омадааст дар вокуниши Вазорати адлия.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш наздикони Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба расонаҳо хабар дода буданд, ки ӯ дар қисми тиббии маҳбаси шаҳри Ваҳдат захмӣ шудааст. Пайвандонаш гуфта буданд, ба иттилои гирифтаи онҳо, як маҳбус нимашаб ба сари ӯ бо чойник задааст, аммо ангезааш маълум нест.

Сайфуллозодаро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он гунаҳкор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.