Пушти дарҳои баста. Оғози баррасии парвандаи қатли Руфейдаи – 8 сола

Имрӯз, 11 октябр баъд аз се моҳи қатли пурсарусадои Руфайда Иноятоваи 8 – сола баррасии парванда пушти дарҳои баста оғоз мешавад. Дар ин бора падари Руфайда – Валиҷон Иноятов хабар медиҳад. Мавсуф мегӯяд, ки парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ҳамсояи ин ноболиғ ва падари дугонаи Рафайда, Раҳматулло Гадоеви […]

Имрӯз, 11 октябр баъд аз се моҳи қатли пурсарусадои Руфайда Иноятоваи 8 – сола баррасии парванда пушти дарҳои баста оғоз мешавад. Дар ин бора падари Руфайда – Валиҷон Иноятов хабар медиҳад.

Мавсуф мегӯяд, ки парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ҳамсояи ин ноболиғ ва падари дугонаи Рафайда, Раҳматулло Гадоеви 30-сола нишастааст.

Ба гуфтаи Иноятов, сарфи назар аз дархости онҳо, ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста ҷараён мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Руфаёда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфайдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.

Назари Гадоев ва вакили дифоаш ба ин қазия то ҳол маълум нест.

Саида Иноятова аммаи Руфейда ки бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, навишт: Падари дугонаи Руфейда бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд”.

Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфайда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад.  Раиси палатаи болоии порлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.