Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш кард: “Раиси Маҷлиси миллӣ аз қазияи Руфайда сахт нигарон аст”

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба унвонии раиси ин палатаи болоии порлумон Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки маҷлис ин муроҷиатро баррасӣ кардааст. Ин муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» бар пайи ҳодисаи гӯшношуди таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Рустами Эмомалӣ, […]

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба унвонии раиси ин палатаи болоии порлумон Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки маҷлис ин муроҷиатро баррасӣ кардааст.

Ин муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» бар пайи ҳодисаи гӯшношуди таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Рустами Эмомалӣ, 6-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. Акнун бо гузашти як рӯз, Маҷлиси миллӣ ба он вокуниш кардааст.

Ҳодисаи қатл ва таҷовуси ин ноболиғ, ки рӯзи 4-уми июл рух дода буд, воукуниши густардае дар ҷомеаи Тоҷикистон дошт ва шаҳрвандони кишвар дар расонаҳо ва шабакаҳо хостори ҷазои сахту сангини гумобари ин ҷинояти мудҳиш шуданд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо ин муроҷиат аз Рустами Эмомалӣ хоста буданд, ки барои ҷиноятҳои инчуниниӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ муҷозот сангинтар шавад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса "боиси нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гардида, раванди тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад".

Рустами Эмомалӣ бар пайи ин ҳодиса "Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд",-омадааст дар ин вокуниш.

Маҷлими Миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки  аз 11 сентябри соли 2020 Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатии масъул барои "такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дастур дода буданд".

Айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст,-гуфтааст дафтари матбуоти ин палатаи порлумон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.