Баррасии парвандаи Руфейдаи 8- сола ба таъхир афтод

Баррасаии парвандаи пурсарусадои Руфейда Иноятова, ки интизор мерафт, имрӯз дар Додгоҳи олӣ баргузор гардад, ба таъхир афтод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони хонаводаи Руфейда иттилоъ дод. Ба гуфтаи номбурда, бо сабаби ҳозир нагардидани яке аз намояндагони додгоҳ баррасии парванда ба пагоҳ – 12 октябр гузошта шуд. Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, падари […]

Манзума Фируз, Asia-Plus

Баррасаии парвандаи пурсарусадои Руфейда Иноятова, ки интизор мерафт, имрӯз дар Додгоҳи олӣ баргузор гардад, ба таъхир афтод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» яке аз наздикони хонаводаи Руфейда иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, бо сабаби ҳозир нагардидани яке аз намояндагони додгоҳ баррасии парванда ба пагоҳ – 12 октябр гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, падари Руфейда – Валиҷон Иноятов хабар дода буд, ки баъд аз се моҳи қатли пурсарусадои духтараш баррасии парванда пушти дарҳои баста оғоз мешавад.

Мавсуф гуфт, парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ҳамсояи ин ноболиғ ва падари дугонаи Рафайда, Раҳматулло Гадоеви 30-сола нишастааст.

Ба гуфтаи Иноятов, сарфи назар аз дархости онҳо, ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста ҷараён мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Руфейда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфейдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.

Саида Иноятова аммаи Руфейда ки бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, навишт: Падари дугонаи Руфейда бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд”.

Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфайда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад.  Раиси палатаи болоии порлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.