Пушти дарҳои баста. Оғози баррасии парвандаи қатли Руфейдаи – 8 сола

Date:

Имрӯз, 11 октябр баъд аз се моҳи қатли пурсарусадои Руфайда Иноятоваи 8 – сола баррасии парванда пушти дарҳои баста оғоз мешавад. Дар ин бора падари Руфайда – Валиҷон Иноятов хабар медиҳад.

Мавсуф мегӯяд, ки парвандаро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар курсии айбдорӣ ҳамсояи ин ноболиғ ва падари дугонаи Рафайда, Раҳматулло Гадоеви 30-сола нишастааст.

Ба гуфтаи Иноятов, сарфи назар аз дархости онҳо, ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста ҷараён мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Руфаёда рӯзи 4-уми июли соли равон аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуд. Як рӯз пас ҷасади Руфайдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл бо гумони қатли ин ноболиғ, Раҳматулло Гадоеви 30-соларо боздошт кардаанд, ки дар ҳамсоягӣ ба сар мебарад.

Назари Гадоев ва вакили дифоаш ба ин қазия то ҳол маълум нест.

Саида Иноятова аммаи Руфейда ки бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, навишт: Падари дугонаи Руфейда бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд”.

Қазияи куштор ва пора кардани ҷасади Руфайда яке аз пурсарусадотарин ҳаводиси чанд моҳи охир аст. Баъд аз воқеа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки ин қазия мунсифона баррасӣ шавад.  Раиси палатаи болоии порлумон, Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш карда, гуфт, қазия таҳти назорати қатъиаш қарор дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...