Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 октябр бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф овард. Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд. Дар толори меҳмонхона ба сарвари давлат аз ҷониби роҳбарияти ин муассиса ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Париж истиқболи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 октябр бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф овард.

Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.

Дар толори меҳмонхона ба сарвари давлат аз ҷониби роҳбарияти ин муассиса ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Париж истиқболи самимӣ зоҳир шуд.

“Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намояд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти президент.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон 13 октябр дар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари рӯдҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ – Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.

Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.