Сафорат ба тоҷикистониён дар Русия муроҷиат кард

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвнадони Тоҷикистон дар Русия даъват намуд, ки дар сурати пайдо шудани ҳама гуна мушкилӣ ба сафорат ва консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Русия муроҷиат намоянд. “Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳар як ҳолати […]

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвнадони Тоҷикистон дар Русия даъват намуд, ки дар сурати пайдо шудани ҳама гуна мушкилӣ ба сафорат ва консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Русия муроҷиат намоянд.

“Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳар як ҳолати рух додани мушкилӣ, ҳодисаҳои нохуш ва ё дигар масъалаҳои ҳалталаб, фавран ба Сафорати Тоҷикистон ва Хадамоти консулии он муроҷиат намоянд”, – хабар дода мешавад дар саҳифаи сафорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Намояндагии дипломатӣ ҳамчунин хотиррасон мекунад, ки дар сафорат телефони шабонарӯзӣ фаъол буда, ҳамчунин ҳамаи дархосту муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Лутфан, муроҷиат бо чунин суроғаҳо дархост мешавад:

+7 495 690 41 86 – Сафорат

+7 985 740 02 12 – Хадамоти консулии Сафорат

E-mail: [email protected]; [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.