“Мо ин ҷо мисли ғуломонем…” Ба муҳоҷирони тоҷик дар Воронеж шиносномаҳояшонро баргардониданд

Ба зиёда аз 100 муҳоҷирони тоҷик, ки ба қавли худашон, дар шароити ғуломона дар вилояти Воронежи Русия кор мекарданд, шиносномаҳояшонро баргардонида, ваъда доданд, ки музди мешанташонро низ пардохт мекунанд, хабар дода мешавад дар саҳифаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook. Гуфта мешавад, кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон пас аз шикояти муҳоҷирони […]

Ба зиёда аз 100 муҳоҷирони тоҷик, ки ба қавли худашон, дар шароити ғуломона дар вилояти Воронежи Русия кор мекарданд, шиносномаҳояшонро баргардонида, ваъда доданд, ки музди мешанташонро низ пардохт мекунанд, хабар дода мешавад дар саҳифаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

Гуфта мешавад, кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон пас аз шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи шароити душвори корашон ҷиҳати ҳалли ин мушкил ба вилояти Воронеж рафтаанд.

Зимни суҳбатҳои намояндагони сафорат бо корфармо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маълум карда шуд, ки 22 июли соли ҷорӣ 110 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Россия сафар кардаанд.

“Мутаасифона, дар рӯзҳои аввали омадан ба Воронеж аз ин теъдод 6 нафар  ба сирояти COVID-19 гирифтор шуданд ва давоми 14 рӯзи минбаъда ҳамаи он гурӯҳ дар ҳолати карантин қарор доштаанд”, – омадааст дар хабар.

Тибқи шартномаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарф кардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст.

“Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар як нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст, – зикр мегардад дар хабар. – Аз ин лиҳоз, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст”.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ва суҳбати фаҳмондадиҳии кормандони сафорат бо роҳбари ширкати мазкур, шиносномаҳои шаҳрвандон бозпас гардонида шуда, ҳамчунин ҷиҳати пардохти боқимондаи музди меҳнати онҳо мувофиқа ҳосил шуд.

Сафорат навори видеоеро нашр намудааст, ки дар он дида мешавад чӣ гуна ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳояшон баргардонида мешавад.

Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео дар бораи эътирози муҳоҷирони тоҷик назди бинои пулиси ноҳияи Острогожски вилояти Воронеж нашр шуд. Онҳо дар бораи шароити кори ғуломона дар боғҳои себ дар деҳаи Шубное шикоят мекарданд.

Дар ин навор онҳо мегӯянд, пас аз ба ин ҷо омадан корфармо шиносномаҳояшонро гирифта, ҳозир мисли ғуломон зиндагӣ доранд.

“Ин ҷо мо мисли ғуломонем… Ҳатто ба сагҳо нигаҳбон ҳасту мо ҳатто ҳаминро ҳам надорем… Либоси дуруст надорем, чизе, ки сокинони маҳаллӣ медиҳанд, ҳамонро ба бар мекунем. Дар се моҳ ба мо ҳамагӣ 5 ё 10 ҳазор рубл пардохтанд… Ман чор моҳ кор карда, боз ба ман мегӯянд, ки аз онҳо 18 ҳазор рубл қарздорам…”, – мегӯянд онҳо дар навори видео.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.