Аз унвони илмӣ маҳрум шуд. “Диссернет” боз як олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кард

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Сафаралӣ Латипов, собиқ декани факултаи математика (2019) ва  мудири кафедраи ТИК-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ҳангоми навиштани рисолаи илмияш ба асардуздӣ мутаҳҳам карда, аз бекор шудани унвонии илмии Латипов аз сӯйи Вазортаи маориф ва илми Русия хабар додааст. Ин маълумотро пойгоҳи мазкур имрӯз, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Сафаралӣ Латипов, собиқ декани факултаи математика (2019) ва  мудири кафедраи ТИК-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ҳангоми навиштани рисолаи илмияш ба асардуздӣ мутаҳҳам карда, аз бекор шудани унвонии илмии Латипов аз сӯйи Вазортаи маориф ва илми Русия хабар додааст. Ин маълумотро пойгоҳи мазкур имрӯз, 18 октябри, соли равон нашр кардааст.

Ба навиштаи торнамои ин пойгоҳ Латипов ҳангоми навиштани рисолаи илмияш дар мавзӯи “Шартҳои педагог барои ташаккул додани салоҳияти иттилоотии донишҷӯёни донишгоҳҳо дар шароити системаи кредитии таҳсилот: дар бораи маводи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Педагогические условия формирования информационной компетентности студентов вуза в условиях кредитной системы обучения : на материалах вузов Республики Таджикистан) бахши зиёди кори худро аз  аз рисолаи илмии Наталя Соловева “Формирование познавательной самостоятельности студентов вуза в условиях кредитной системы обучения”, ки соли 2008 дар Русия дифоъ шудааст ва Наталия Витковская “Формирование информационной компетентности студентов вузов”, ки соли 2004 дар Русия дифоъ шудааст, рӯбадорӣ карда, даст ба асардуздӣ задааст.

“Диссернет” навиштааст, ки Латипов дар 56 саҳифаи рисолаи илмияш аз кори Наталя Соловева  ва дар 51 саҳифааш аз рисолаи Наталия Витковская саҳифаҳоеро пурра ва саҳифаҳоеро қисман рӯйбардор кардааст.

Пойгоҳ менависад, ки Латипов 30 декабри соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Донишгоҳи давлатии Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба номи Носир Хусрав зери роҳбарии Туғайбобо Шукуров ва Самариддин Авғанов дифоъ намудааст.

Пойгоҳ менависад, ки бо фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 23 июли 2021 Сафаралӣ Латипов аз унвони илмӣ маҳрум карда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Латипов ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.

Беш аз 60 олими тоҷик дар рӯйхати “Диссернет”

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.