Толибон: “Ин ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукумати ҷадид ба расмият шинохта шавад”

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири  Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки дар гуфтушуниди Маскав раёсати ҳайати ширкаткунандаи Толибонро бар уҳда дошт, ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳукумати аз ҷониби ин ҳаракат таъсисёфта амниятро барои тамоми мардуми Афғонистон таъмин намудааст. “Ҳуқуқи шаҳрвандон таъмин аст ва феълан ҳеқ кас бар асоси қавм, забон ва […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири  Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки дар гуфтушуниди Маскав раёсати ҳайати ширкаткунандаи Толибонро бар уҳда дошт, ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳукумати аз ҷониби ин ҳаракат таъсисёфта амниятро барои тамоми мардуми Афғонистон таъмин намудааст.

“Ҳуқуқи шаҳрвандон таъмин аст ва феълан ҳеқ кас бар асоси қавм, забон ва ҷинсият зери пайгарди қазоӣ нест. Ин ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукумати ҷадид ба расмият шинохта шавад”, – иброз дошт вай.

Ин намояндаи Толибон дар идома гуфт, ки агар ҳукумати ҷадид ба расмият шинохта нашавад, дар Афғонистон гуруҳҳое, ки амниятро халалдор мекунанд, тақвият меёбанд.

“Ҳеҷ гурӯҳеро иҷоза намедиҳем, ки амнияти Афғонистонро халалдор бисозад ва ё бар зидди амнияти кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон аз дохили Афғонистон амалиётеро анҷом бидиҳад”,- гуфт ӯ.

https://www.youtube.com/watch?v=HqHqapx6lZ0

Муовини нахуствазири  Толибон  мегӯяд, ки “ба кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон итминон медиҳем, ки Афғонистон ҳеҷ гоҳ қароргоҳи касоне нахоҳад буд, ки онҳо аз хоки Афғонистон амнияти дигар кишварҳоро тахриб бикунанд”.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Толибон даъват кардааст, ки Афғонистонро ба пойгоҳи амал зидди кишварҳои ҳамсоя табдил надиҳанд.

 “Русия аз ҳаракати Толибон даъват мекунад, ки қаламрави Афғонистонро ба сифати пойгоҳ барои амал алайҳи кишварҳои ҳамсоя истифода набаранд”, – изҳор доштааст Лавров.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сеюм оид ба Афғонистон дар “формати Маскав” дирӯз дар Маскав баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони даҳ кишвари минтақа ва ҳайати толибон иштирок намуданд. Намояндагони ҳукумати пешинаи Афғонистон, инчунин Ҷабҳаи муқовимат дар вохӯрӣ ҳузур надоштанд.

Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Вафо Алибек Ниятбекзода намояндагӣ мекунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.