Имзои зиёда аз 100 созишнома дар ярмаркаи байнулмилалии “Суғд-2021”

Ёддошту созишномаҳо байни тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия ба имзо расиданд. Дар доираи форуми иқтисодии “Имконоти тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” ва Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки рӯзҳои 19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зиёда аз 100 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни нишасти […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Ёддошту созишномаҳо байни тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия ба имзо расиданд.

Дар доираи форуми иқтисодии “Имконоти тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” ва Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, ки рӯзҳои 19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зиёда аз 100 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Ярмаркаи байнулмилалии савдои “Суғд-2021” ба доираҳои  тиҷоратии кишварҳо шароит фароҳам меоварад, ки миёни ҳам мубодилаи маълумот намуда, баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд иқдомҳои наву самаровар роҳандозӣ намоянд.

“Ярмарка ҳамчунин майдонест барои муаррифии имконоти вилояти Суғд дар бахшҳои иқтисоду саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳиким робитаҳост”, – иброз дошт муовини раиси вилоят.

Дар кори Ярмаркаи VII байнулмилалии савдои “Суғд-2021”, зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Бурятия, Липетск, Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон, инчунин минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.