Академик Ҳикмат Муминов дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт

Имрӯз, 21 октябр академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), собиқ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Ҳикмат Муминов бар асари бемории саратон дар синии 55-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт. Дар ин бора АМИТ хабар медиҳад. Манбаъ аз Муминов ҳамчун олими барҷаста ва мутахассиси маъруф дар соҳаи физикаи математикӣ ёдовар шуда, даргузашти […]

Имрӯз, 21 октябр академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), собиқ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Ҳикмат Муминов бар асари бемории саратон дар синии 55-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт. Дар ин бора АМИТ хабар медиҳад.

Манбаъ аз Муминов ҳамчун олими барҷаста ва мутахассиси маъруф дар соҳаи физикаи математикӣ ёдовар шуда, даргузашти марҳумро талафоти азим дар илми тоҷик унвон кардааст.

Гуфта мешавад, ки Муминов яке аз ҷавонтарин олимонест, ки дар синни 30-солагӣ сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математика гардид.

Ҳикмат Муминов соли 1996 доктори илмҳои физикаю математикаро соҳиб шуда, худи ҳамон сол  Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро соҳиб шудааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар бахши “Илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника” (2020), буда, аз соли 2004 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ва  аз соли 2017 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Марҳум як муддат ба ҳайси роҳбари Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

АМИТ ӯро ҳамчун соҳибмактаб унвон намуда, навиштааст, ки мактаби илмии академик Ҳикмат Муминов, ки яке аз шохаҳои пурмаҳсули мактабҳои илмии Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубна мебошад, аз ҷониби шогирдони сершумори ватанӣ ва хориҷии устод, ҳам дар кишвар ва ҳам дар давлатҳои хориҷӣ, ҳамчун зершохаҳои илми тоҷик идома ёфта истодааст.

– Дар давоми фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятӣ академик Ҳикмат Муминов ҳамчун шахси некбину меҳрубон, ки ҳар як нафаси ҳаёти хешро дар ғамхорӣ ба рушди сатҳу сифати илми тоҷик бахшиданд, ҳам дар қаламрави кишвар ва ҳам дар давлатҳои хориҷӣ шинохта шудаанд,- навиштааст АМИТ.

Тарҷумаи ҳол

Академик Ҳикмат Муминов 14 сентябри соли 1966 дар ш.Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаанд. Маълумоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ш.Душанбе (1973-1983) соҳиб шуда, муассисаи мазкурро бо медали тилло хатм кардаанд. Баъдан ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо дипломи сурх бомуваффақият хатм мекунанд.

Солҳои 1988-1991 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пажуҳиши илм машғул шуда, ҳамзамон ҳамчун олими ҷавони боистеъдод барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар чаҳорчубаи аспирантура ба лабораторияи техникаи ҳисоббарор ва автоматизатсияи Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубнаи Федератсияи Россия (ИМТЯ ш.Дубна) фиристода мешаванд. Пас аз хатми бомуваффақияти аспирантура, соли 1992 дар синни 26-солагӣ дар ИМТЯ ш.Дубна рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии олимони барҷастаи мактабҳои илмии Иттиҳоди Шуравӣ Владимир Григоревич Маханков ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуллоев бо унвони “Таҳқиқоти назариявӣ ва моделсозии математикии баъзе системаҳои спинӣ” дифоъ менамоянд.

Солҳои 1993-1996 ҳамчун докторанти ИМТЯ ш.Дубна таҳқиқот бурда, соли 1996 рисолаи доктории худро таҳти унвони “Муаммоҳои назарияи падидаҳои ғайрихаттӣ дар магнетикҳои анизотропӣ бо дарназардошти моментҳои мултиполӣ” дар синни 30-солагӣ бомуваффақият дифоъ менамоянд. Солҳои 1996-1999 ба ҳайси ходими калони илмӣ ва баъдан ҳамчун ходими пешбари илмии Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н.Н.Боголюбови ИМТЯ ш.Дубна фаъолият менамоянд.

Пас аз ин, ба Ватан баргашта, солҳои 1999-2006 ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ фаъолияти илмӣ ва таълимии худро ба омода намудани мутахассисон – физикдонҳои ҷавони тоҷик мебахшанд. Солҳои 2006-2019 ҳамчун директор (2006-2017) ва баъдан ҳамчун роҳбари Институти физикаю техникаи ба номи С. У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017-2019) фаъолият бурда, дар ин муддат як қатор навгониҳои илмиро дар соҳаи физика ва техникаи кишвар ворид менамоянд.

Ҳ. Муминов солҳои 2017-2020 ҳамчун ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раиси шўъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият бурда, саҳми арзандаи хешро дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии кишвар гузоштанд.

Аз ҷониби Муминовд аппарати математикии ҳолатҳои когерентии умумикардашуда барои қимматҳои баланди спин таҳия шуд, ки имкон дод тавсифи комилан мувофиқи нимназариявии системаҳои спинии квантӣ бо дарназардошти ангезиши майдонҳои мултиполӣ ба даст оварда шавад.

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги нобаҳангоми ин олими маъруф андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш дар ин мусибат сабру шикебоӣ мехоҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.