Покистон ба Афғонистон 29 млн доллар кумак ваъда кардааст

Date:

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ дар гуфтугӯ бо Мулло Муҳаммад Ҳусайн Охунд, нахуствазири ҳукумати Толибон  ваъда додааст, ки ба Толибон 5 млрд рупияи Покистонӣ мусовӣ ба 29 млн $ кӯмак хоҳад кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар ин бора хабар додааст.

"Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ имрӯз дар Кобул дар дидор бо масъулони Имороти исломӣ ваъдаи кӯмаки 5 млрд рупия ба Афғонистон кард".- навиштааст сухангӯи Толибон дар Твиттераш.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон бо вазири корҳои хориҷии Покистон дар робита ба тиҷорат, мушкилоти транзитӣ, чолишҳои муҳоҷирон ва густариши робитаи хуб низ сӯҳбат кардаанд.

Кумакҳои Покистон дар ҳолест, ки то кунун ин давлат ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Қобили зикр аст, ки Ин дуюмин сафари ҳайати Покистон ба Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон аст.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ вазири корҳои хориҷии Покистон дирӯз бо як ҳайати баландпояи Покистон вориди Афғонистон шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...