То баҳор дар Душанбе 13 млн бех дарахту бутта ва гул шинонида мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр сарфи назар аз шакли моликияташон дастур дод, ки дар мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2021-2022 дар пойтахт дарахту бутта ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонанд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт, ҳамин тирамоҳ ва баҳори соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳудуди 13 млн бех дарахту бутта ва гулҳо шинонида мешаванд. […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр сарфи назар аз шакли моликияташон дастур дод, ки дар мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2021-2022 дар пойтахт дарахту бутта ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонанд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, ҳамин тирамоҳ ва баҳори соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳудуди 13 млн бех дарахту бутта ва гулҳо шинонида мешаванд.

Бо дастури раиси шаҳр, то баҳор дар пойтахт бояд ҳудуди 264 ҳазор дарахту бутта ва 12,3 млн бех гулҳо шинонида шаванд.

Ба корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории супориш дода шудааст, ки дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори  соли 2022 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба раиси пойтахт ахбор пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.