Иштироки мардум дар интихоботи президентии Ӯзбекистон зиёда аз 80%-ро ташкил дод

Тибқи маълумоти пешакӣ, иштироки шаҳрвандон дар маъракаи интихобти президентии Ӯзбекистон то замони баста шудани қитъаҳои итихоботӣ дар соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ 80,8%-ро ташкил дод. Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Зайниддин Низомхоҷаев гуфтааст, 80,8% ба 16 млн 036 ҳазору 914 нафар раъйдодагон баробар аст. Гуфта мешавад, маълумоти ниҳоӣ имрӯз […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакӣ, иштироки шаҳрвандон дар маъракаи интихобти президентии Ӯзбекистон то замони баста шудани қитъаҳои итихоботӣ дар соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ 80,8%-ро ташкил дод.

Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Зайниддин Низомхоҷаев гуфтааст, 80,8% ба 16 млн 036 ҳазору 914 нафар раъйдодагон баробар аст.

Гуфта мешавад, маълумоти ниҳоӣ имрӯз бо назардошти шаҳрвандони дар хориҷи кишвар овоздода маълум карда мешавад.

Интихобот аллакай пас аз се соати боз шудани қитъаҳои интихоботӣ дар кишвар баргузоршуда эътироф гардида, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ 33% шаҳрвандон овоз доданд.

Прокурори генералии Ӯзбекистон Неъматулло Юдошев ва раиси Судии олӣ Козимҷон Комилов изҳор намудаанд, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ба ниҳодҳои онҳо ягон арзу шикоят ё муроҷиате нарасидааст.

Дар кишвар ҳамагӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 760 қитъаи интихоботӣ ташкил шуд. Дар 107 қитъа дар ҳар кадоме аз ноҳияҳои Ӯзбекистон камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб карда шуданд.

Дар портали “Интихобот-2021” бо пахши тугмаи “онлайн-монитоинг” барои мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳӣ имкон фароҳам оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 21 млн нафар ӯзбекистониҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандон дар маҷмӯъ 54 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Бо шумули президенти кунунии кишвар Шавкат Мирзиёев ба мансаби президенти Ӯзбекистон панҷ нафар номзадҳо доваталбӣ мекунанд. Ҷараёни баргузории интихоботро зиёда аз ҳазор нафар нозирони байнулмилалӣ пайгирӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.