Латифи Пидром: “Тоҷикистон бояд шомили “Тройкаи тавсеаёфта” шавад”

Латифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки "Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг бо Афғонистон, метавонад нақши бисёр муҳим ва асаргузор дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дошта бошад”. Оқои Пидром афзудааст, ки наметавон нақши муассир ва корсози Тоҷикистонро дар ҳалли бӯҳронҳои минтақавӣ нодида гирифт. "Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Латифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки "Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг бо Афғонистон, метавонад нақши бисёр муҳим ва асаргузор дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дошта бошад”.

Оқои Пидром афзудааст, ки наметавон нақши муассир ва корсози Тоҷикистонро дар ҳалли бӯҳронҳои минтақавӣ нодида гирифт.

"Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъгириҳои инсонӣ ва башардӯстона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ дар робита ба бӯҳрони мавҷуди Афғонистон ҷойгоҳи баландеро ба даст овардааст", – навиштааст Латифи Пидром.

Дар идома Пидром гуфтааст, ки "ҷунбиши муқовимат бо номи тоҷикон гиреҳ хӯрдааст. Тоҷикон ҳам акнун дар сафи аввали набард ба муқобили Толибон ва ишғолгарон қарор доранд".

Ӯ дар идома хотирнишон кардааст, ки "муқовимат ба номи тоҷикон" ба ин маънӣ нест, ки аз дигар ақвом сарфи назар шавад, балки ин ҷунбиш барои истиқлоли Афғонистон ва барои ҳамаи қавмҳо аст”.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, гиреҳ хӯрдани муқовимат ба номи тоҷикон ба ин маънӣ нест, ки аз ақвоми дигар дар ҷабҳаи муқовимат вуҷуд надорад ва тоҷикон фақат аз манотиқи тоҷикон дифоъ мекунанд.

“Ин ҷунбиш барои истиқлоли кишвар ва баробарии ҳамаи ақвом дар як сохтори ҷадиди сиёсӣ мубориза мекунад. Ҳадафҳои ин ҷунбиш умумӣ ва ҳамашумул аст", – таъкид доштааст ӯ.

“Тройка” дар истилоҳҳои сиёсӣ ба маънои нишаст ё музокироти  сеҷониба аст. Аммо Русия ба ин далел онро Тройкаи тавсеаёфта мехонад, ки илова бар Русия, Чин ва Амрико, Покистон низ ба ин нишаст даъват шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.