Тоҷике, ки 2 занро дар Русия кушт, ба 24 соли зиндон маҳкум шуд

Суди вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонови 27-соларо барои даст доштан дар  қатли Виктория Борковская, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В.Плеханов ва модарӣ ӯ ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Вести.ру хабар медиҳад. Моҳи ноябри соли 2020 Усмонов дар хонаи хусусӣ дар деҳаи Поярковои ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ба таъмир хона […]

Asia-Plus

Суди вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонови 27-соларо барои даст доштан дар  қатли Виктория Борковская, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В.Плеханов ва модарӣ ӯ ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Вести.ру хабар медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2020 Усмонов дар хонаи хусусӣ дар деҳаи Поярковои ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ба таъмир хона машғул буд, лекин фармоишгарон аз сифати корҳо норизо буданд.

Ба гуфтаи ӯ, Борковская 20 ҳазор пули боқимондаи корро надодааст, аз ин рӯ, вай хашмгин шуда, корд ба даст мегирад.

Усмонов ду занро кушта, сипас кӯшиш мекунад, ки духтари 6-солаи омӯзгорро низ ба қатл расонад.

Ба духтарчаи захми вазнин бардошта муяссар мешавад, ки аз телефони модараш ба дӯсти оила занг зада, дар бораи ин ҳодиса хабар диҳад. Дӯсти модараш дарҳол ба пулис ва ёрии таъҷилии тиббӣ занг зада, вале то расидани онҳо, 2 зани калонсол ба ҳалокат мерасанд.

Усмонов хеле зуд боздошт шуд. Пас аз куштор дар хона бесарусомонӣ ҳукмфармо буд. Ба ақидаи муфаттишон, ба гумони ғолиб, Усмонов дар хона чизҳи арзишманд кофта, сипас пинҳон мешавад. Танҳо пас аз боздошт ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.