Имсол ҳосили мева дар Тоҷикистон камтар шуд

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон имсол ба ҷуз ангур, ҳосили меваю буттамева ба андозаи 10,3% кам шудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 303,4 ҳазор тонна ҳосили меваю буттамева ҷамъоварӣ шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда беш аз 340 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Дар ҳамин ҳол, ҳосили дигар зироати кишоварзӣ, аз қабили […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон имсол ба ҷуз ангур, ҳосили меваю буттамева ба андозаи 10,3% кам шудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 303,4 ҳазор тонна ҳосили меваю буттамева ҷамъоварӣ шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда беш аз 340 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳосили дигар зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладонагиву сабзавот, полезӣ ва ангур аз нишондиҳандаҳои соли гузашта ба андозаи аз 0,8% то 23,4% зиёдтаранд.

«Сабаби паст шудани ҳосили мева сардии моҳҳои март-апрели соли равон аст, ки ба дарахтони мевадиҳанда, махсусан ба зардолу таъсири манфӣ расонд”, – шарҳ доданд дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Анору нок, лимон, шафтолу ва себ дар бозорҳои Душанбе нисбат ба соли гузашта 2-5 сомонӣ қиматтар аст. Хурмою бодом ва писта дар сатҳи нархи соли гузашта қарор дошта, ангуру чормағз 2 сомонӣ арзонтар аст.

Ба гуфтаи кишоварзони минтақаҳо, бар асари болоравии хидматрасонии нақлиёт ба онҳо расонидани маҳсулот ба бозорҳои Душанбе мушкил шудааст.

Боғбон аз ноҳияи Турсунзода Абдухалил Ҳидоятов, ки хурмою анор парвариш мекунад, маҳсулоти худро бо қимати 2-3 сомонӣ ба харидорони яклухт мефурӯшад.

“Агар худам ба бозор барам, хароҷоти роҳ на камтар аз 200 сомонӣ хоҳад буд, – мегӯяд вай. – Ин ба пули 100 кило хурмо баробар аст. Аз ин рӯ, фурӯхтани бор ба миёнаравон ба ман бештар фоидаовар аст”.

Деҳқон аз ноҳияи Шаҳринав Фозил Алимов себу шафтолу ва анҷир парвариш мекунад.

«Дарвоқеъ ҳам, аз сардиҳои баҳорӣ ва инчунин камобӣ дар мавсими обёрӣ ҳосил кам шуд», – гуфт ӯ. -Аз ин рӯ, дар бозорҳо анҷиру шафтолу кам аст".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст