Обёрии заминҳои се вилояти Ӯзбекистон – Тошканд, Сирдарё ва Ҷиззах аз ҳисоби обгирии иловагӣ аз обанбори Қайроққуми Тоҷикистон (Баҳри тоҷик) амалӣ мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати оби Ӯзбекистон, бо ин мақсад кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон пойгоҳҳои обкашии гуногун ва дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ мефиристад.
Ин қарор аз ҷониби Девони вазирони Ӯзбекистон 18 июли соли 2020 дар шароите қабул шудааст, ки имсол барои обёрии заминҳои кишт дар се вилояти зикршуда камбуди об ба мушоҳида мерасад.
Баҳри ташкили обгирии иловагӣ ба Тоҷикистон 5 пойгоҳи обкашии иқтидорашон 500 литр/сония бо расонидан ба баландии 10 метр, боз пойгоҳҳои обкашии навъҳои гуногун ва дигар воситаҳо оварда мешаванд.
Ғайр аз ин, барои ҷуброни хароҷоти корҳо дар пойгоҳҳои обкашӣ аз фонди эҳтиётии Девони вазирони Ӯзбекистон 1,5 млрд сӯм маблағ ҷудо мешавад.
Воситаҳои моддӣ-техникии ҷудошуда бебозгашт ба ихтиёри воҳидҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.