Тоҷикистон мехоҳад аз Бандараббоси Эрон барои рушди тиҷорат бо минтақа истифода кунад

Тоҷикистон мехоҳад аз бандарҳои Эрон, аз ҷумла Бандараббос барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратияш бо кишварҳои минтақа истифода кунад. Ин нуктаро сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳиддӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Дӯстӣ дар мулоқоте, ки 3-юми ноябр доштааст, матраҳ кард. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот роҳбарони мақомоти […]

Asia-Plus

Тоҷикистон мехоҳад аз бандарҳои Эрон, аз ҷумла Бандараббос барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратияш бо кишварҳои минтақа истифода кунад.

Ин нуктаро сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳиддӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Дӯстӣ дар мулоқоте, ки 3-юми ноябр доштааст, матраҳ кард.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот роҳбарони мақомоти иқтисодиву тиҷоратии вилояти Ҳурмузгон низ ҳузур доштаанд.

“Ҷонибҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон, масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, ба вижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ медиҳад Вазорати хориҷа. 

Ҳурмузгон яке аз вилоятҳои муҳими ҷанубии Эрон мебошад, ки дар шимоли Тангаи Ҳурмуз воқеъ буда, яке аз қутбҳои сайёҳиву иқтисодии Эрон дониста мешавад. Шаҳри Бандараббос, ки бандари ҳамноми он дар ин шаҳр қарор дорад ва маркази вилоят мебошад, яке аз марказҳои муҳими фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа ба шумор меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.