Фаввораи пеши бинои парлумон тахриб шуд: ҷойи он гулгашт мешавад

Интизор меравад, ба ҷойи фаввораи назди бинои парлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии Душанбе, гулгашт бунёд шавад. Дар ин бора Ҷамшед Олимов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе ба “Азия – Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, ки ин иқдом тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад. Ин изҳори назари шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки аз дирӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ […]

Интизор меравад, ба ҷойи фаввораи назди бинои парлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии Душанбе, гулгашт бунёд шавад. Дар ин бора Ҷамшед Олимов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки ин иқдом тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Ин изҳори назари шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки аз дирӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксҳои рафти тахриби фаввораи назди бинои парлумони кишвар изҳори норозигӣ намуданд. Дар аксҳо дида мешавад, ки аллакай фаввораҳо тахриб шуда, ҷойи онҳо бо хоку шағал пур карда шудааст.

Корбарон аз он изҳори норизоиятӣ кардаанд, ки ин фаввора яке аз ёдгориҳои меъмориҳои таърихии шаҳри Душанбе буда, тахриби он кори муносибе нест.

Аз ҷумла, таърихдон Ғафур Шерматов бо нашри акси тахриби фаввора изҳори норозигӣ намуда, навиштаст, ки бояд сокинони Душанбе дар робита ба он садо баланд кунанд.

Ба гуфтаи Ғафур Шерматов, ин фаввора моҳи ноябри соли 1975 бунёд шудааст. Тамоми корҳои сохтмонӣ ва унсурҳои лозим барои он дар Комбинату оҳану бетони шумораи 1-и Душанбе анҷом шудаанд. Маҳсулот ва қолабҳои лозим барои бунёди ин фаввора аз сӯйи челонгар-маъмури ин комбинат Иоганн Герб истеҳсолу офарида шудаанд. 

Ба гуфтаи Шерматов, ин фаввора ба ҷуз нақши ороишиву зебосозӣ, ҳамчунин нақши салиқну серунсозии зинаи аввали низоми марказии ҳавои иморатҳои бинои Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Шӯравиро ҳам доштааст. 

Тӯли чанд соли охир, дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.