Мулоқоти намояндаи Оғохон бо “Толибон” дар Кобул

Зимни мулоқоти муовини сарвазири ҳукумати ҳаракати “Толибон” Абдул Салом Ҳанафӣ бо намояндаи ташкилоти “Шабакаи рушди Оғо Хон” дар Афғонистон Алӣ Песнанӣ рушди ҳамаҷонибаи Афғонистон баррасӣ шуд. Хабаргузории РИА Новости менависад, дар ин бора намояндаи ҳаракат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар додааст. Дар ҷараёни вохӯрӣ Песнанӣ доир ба фаъолияти ташкилоти Оғо Хон дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти муовини сарвазири ҳукумати ҳаракати “Толибон” Абдул Салом Ҳанафӣ бо намояндаи ташкилоти “Шабакаи рушди Оғо Хон” дар Афғонистон Алӣ Песнанӣ рушди ҳамаҷонибаи Афғонистон баррасӣ шуд. Хабаргузории РИА Новости менависад, дар ин бора намояндаи ҳаракат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар додааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Песнанӣ доир ба фаъолияти ташкилоти Оғо Хон дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Афғонистон маълумот дода, зикр кардааст, ки бо мусоидати ташкилот аллакай зиёда аз 140 нигораву ёдгориҳои мероси фарҳангӣ дар кишвар барқарор шудаанд.

Ба гуфтаи Песнанӣ, айни замон бештар ба масъалаи рушди таълимоти занон дар Афғонистон таваҷҷуҳ мебояд зоҳир намуд.

Дар навбати худ, Ҳанафӣ изҳор намудааст, ки ҳукумати Афғонистон ҷиҳати мусоидат ба шабакаи Оғо Хон дар пешбурди фаъолияти он омода аст. Муовини сарвазир зарурати рушди соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро таъкид доштааст. Ба гуфтаи Ҳанафӣ, ҳукумат ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри ба таҳсил фаро гирифтани духтарон дар Афғонистон чораҷӯӣ мекунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.