ВКД аз тафтиши се далели куштор дар шимолу ҷануби Тоҷикистон хабар медиҳад

ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки се далели кушторро дар ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) ва Фархор (вилояти Хатлон) ошкор кардааст. Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД, дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор миёни зани 55-сола ва келини 31-солааш муноқиша сар зада, келин бо 2 зарбаи корд хушдоманро захмӣ мекунад. Дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои ҷисмонии […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки се далели кушторро дар ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) ва Фархор (вилояти Хатлон) ошкор кардааст.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД, дар ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор миёни зани 55-сола ва келини 31-солааш муноқиша сар зада, келин бо 2 зарбаи корд хушдоманро захмӣ мекунад. Дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Дар ҳодисаи дигар сокини 45-солаи ноҳияи Спитамен, ки қаблан доғи судӣ дошт, 17 октябр бар асари муноқишаи оилавӣ ба сари ҳамсараш бо санг якчанд маротиба зарба зада, то марг ӯро лату кӯб кардааст.

“Сипас гумонбаршаванда бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти худ ҷасади ҳамсарашро ба халта андохта, ба оби канали «Фарҳод» партофтааст, – омадааст дар хабар. – Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 1 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.

Ҳодисаи сеюми одамкушӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, гумонбаршуда марди сокини 27-солаи ҷамоати Унҷӣ ҳангоми муноқишаи оилавӣ ба ҷисми ҳамсараш бо корд 13 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷаи зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сипа, гумонбаршаванда бо корд худро захмӣ карда, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин далел низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.