Эҳтимоли пайдо шудани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ дар Тоҷикистон

Нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ, ки то соли 2012 дар Тоҷикистон амал мекарданд, аз ҷониби соҳибкорони ҷудогона таъмиру барқарор мешаванд. “Ҳамаи онҳо ба ширкатҳои хусусӣ мутааллиқ буда, ҳозир онҳо ба таъмиру барқарор кардани нуқтаҳои фурӯши мавҷуда барои гази табиӣ машғуланд”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар яке аз ниҳодҳои масъули ин соҳа, ки нахостанд номи ниҳодашон зикр […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ, ки то соли 2012 дар Тоҷикистон амал мекарданд, аз ҷониби соҳибкорони ҷудогона таъмиру барқарор мешаванд.

“Ҳамаи онҳо ба ширкатҳои хусусӣ мутааллиқ буда, ҳозир онҳо ба таъмиру барқарор кардани нуқтаҳои фурӯши мавҷуда барои гази табиӣ машғуланд”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар яке аз ниҳодҳои масъули ин соҳа, ки нахостанд номи ниҳодашон зикр шавад.

Ба гуфтаи манбаъ,  ин ҷо танҳо сари гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ сухан меравад, ки набояд мушкил бошад, зеро худи ҳукумат ба барқарор шудани ин гуна нуқтаҳои фурӯзи сӯзишворӣ манфиатдор аст.

Ғайр аз ин, зикр кард манбаъ, ҳозир Ширкати алюминии тоҷик ва баъзе корхонаҳои Тоҷикистон бо нархи қобили қабул бо гази табиӣ аз Ӯзбекистон таъмин мешаванд ва соҳибкорон низ ба мусоидати ҳукумат бо таъмии мунтазами гази табиӣ аз Ӯзбекистон бо ҳамон нархҳо барои Ширктаи алюминии тоҷик ниёз доранд.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои Тоҷикистон бо арзиши имтиёзноки 120 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб аз Ӯзбекистон гази табиӣ мегиранд, ки аз нархҳои ҷаҳонӣ бамаротиб поинтар аст.

Манбаъ оғози фаъолияти нуқтаҳои фурӯши гази табииро аз аввали соли оянда пас аз имзои қарордод байни ширкатҳои газтақсимкуни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз эҳтимол дур намедонад, ки дар он ҳамроҳ бо дигар шартҳо, ҳаҷм ва арзиши сӯзишворӣ мувофиқа мешавад.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, то қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон 10 сол пеш дар Тоҷикистон 53 нуқтаи фурӯши гази табиӣ, аз ҷумла 30 нуқта дар Душанбе амал мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.