Эмомалӣ Раҳмон дар боғи майдони “Истиқлол” секвойя шинонид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси МММО ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ва раиси МНМО ҶТ Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси МММО ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ва раиси МНМО ҶТ Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, онро дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд.

Гуфта мешавад, дарахти секвойяи калифорниягӣ зебову нодир буда, 3000 сол умр мебинад. Секвойя дар шароити иқлими Тоҷикистон мумкин аст, то 1000 сол умр бинад.

то имрӯз бо дастури бевоситаи президент барои бунёди боғ дар майдони “Истиқлол” дарахтони зиёди ороишӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи майдон 5510 адад дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст ва нашъунамои хуб доранд.

Зикр мегардад, ки майдони “Истиқлол” бо маҷмааи рамзи истиқлолу озодӣ, ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.  Масоҳати умумии майдон 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.