Нигаронии ЮНИСЕФ аз афзоиши шумори издивоҷи ноболиғон дар Афғонистон

Мудири иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Генриеттта Фор изҳор доштааст, ки созмон аз афзоиши шумори издивоҷҳо бо иштироки кӯдакон дар Афғонистон нигарон аст. "Аз гузоришҳо дар бораи афзоиши издивоҷи ноболиғон дар Афғонистон сахт нигаронам… Ба мо дар бораи хонаводаҳое, ки  духтарони 20-рӯзаро барои издивоҷи оянда бар ивази маҳр пешниҳод мекунанд, гузоришҳои мӯътамад мерасанд”, – иброз […]

Asia-Plus

Мудири иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Генриеттта Фор изҳор доштааст, ки созмон аз афзоиши шумори издивоҷҳо бо иштироки кӯдакон дар Афғонистон нигарон аст.

"Аз гузоришҳо дар бораи афзоиши издивоҷи ноболиғон дар Афғонистон сахт нигаронам… Ба мо дар бораи хонаводаҳое, ки  духтарони 20-рӯзаро барои издивоҷи оянда бар ивази маҳр пешниҳод мекунанд, гузоришҳои мӯътамад мерасанд”, – иброз доштааст Фор.

Тавре ки ЮНИСЕФ зикр мекунад, издивоҷи бармаҳал, ки дар Афғонистон паҳн шудааст, метавонад ба хушунати хонаводагӣ ва поймолкунии ҳуқуқи занон боис гардида, оқибат ба мушкилоти равонӣ оварда расонад.

Тибқи арзёбии созмон, 28%-и занони афғони синни аз 15 то 49-сола то расидан ба синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд.

Созмон аз мақомоти Афғонистон даъват кардааст, ки ба дастгирӣ ва ҳимоят аз оилаҳои бештар осебпазири афғон мусоидат намояд.

Дар ЮНИСЕФ бар ин назаранд, ки вазъи номусоиди иқтисодӣ дар Афғонистон бештари хонаводаҳоро маҷбур мекунад, ки духтаронро дар синни барвақт ба шавҳар диҳанд ё кӯдаконро ба кор водор созанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.