Низом Қосим: “Иттифоқи нависандагон мухолифи тахриби хона-музейи Айнист”

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ирсоли мактуби расмӣ аз роҳбарияти олии кишвар хостаанд, ки масъалаи тахриб ё кӯчонидани бинои хона-музейи Садриддин Айнӣ бознигарӣ шавад ва бо дарёфти имкон ин бино барҷой бимонад. Дар ин бора раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба “Азия – Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, ки аз роҳбарияти олии кишвар хоҳиш кардем, […]

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ирсоли мактуби расмӣ аз роҳбарияти олии кишвар хостаанд, ки масъалаи тахриб ё кӯчонидани бинои хона-музейи Садриддин Айнӣ бознигарӣ шавад ва бо дарёфти имкон ин бино барҷой бимонад. Дар ин бора раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ки аз роҳбарияти олии кишвар хоҳиш кардем, ки мавқеи моро дастгирӣ кунанд, то хона-музейи устод Айнӣ барқарор бимонад.

– Дар мавриди кӯчонидан ё тахриби бино чӣ ангезаҳо аст, мо намедонам, вале бояд он ҳамчун ёдгории таърихӣ барҷой монад. Агар барҷой ҳам намонад, бояд дар ҳамон шакле ки ҳаст бисёр сазовор ва арзанда ба  ҷойи дигар кӯчонида шавад. Масалан, дар боғи устод Айнӣ айнан ҳамин бино сохта шавад ва экспонант ва  ёдгориҳое ки ҳаст, бояд дар ҳамун шакл бе ягон осеб ва зарар ба он ҷо кӯчонида шавад. Ин албатта вариати дуввум аст, варианти якум ин аст ки агар имкон бошад, он ҳифз шавад, – гуфт Низом Қосим.

Номбурда илова кард, ки раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зидди тахриб ва кӯчонидани бинои хона – музейи устод Айнӣ аст ва мавқеи иттифоқ дар ин масъала ин аст, чизҳое ки на фақат ба таърихи адабиёт, балки ба таърихи миллат вобаста аст, бояд барҷой бимонад.

 Ҷомеаи шаҳрвандӣ: Дар ин тасмим назари мардумро ба ҳисоб гиред

Бар пайи хабарҳои тахриб кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ, рӯзи 12 ноябр ҳам як гурӯҳ зиёиён ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба ҷамъоварии имзо барои исроли як нома ба раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори нороҳатӣ карда, гуфтаанд, ки ин кор ҳароина нодуруст аст ва муқобили арзишҳои миллист.

– Чунки хонаи устод дар маънӣ воқеан болотар аз як бинои оддист. Ин хона ҷоест, ки устод андар он на танҳо бархе аз асарҳои гаронарзиши худро нигоштаанд, балки маконест, ки он ҷо осоиш ёфтаанд, барои дар амал татбиқ кардани ормонҳои миллии хеш андеша рондаанд ва охирин рӯзҳои умри худро сипарӣ кардаанд. Бо чанд ҷиҳози шахсии устодро нигаҳ доштан, наметавон дар ҷойи нав он рӯҳияеро барқарор кард, ки Садриддин Айнӣ пас аз худ абадан дар ҳуҷраҳои манзили худашон гузоштаанд, – омадааст дар муроҷиатномае ки интизор меравад ба унвонии Рустами Эмомалӣ ирсол шавад.

Дар идома қайд мешавад, ки ин хона дигар танҳо як манзили зисти нависандае нест, балки мероси гаронбаҳо барои миллат аст, ки дар Тоҷикистон аз Садридди Айнӣ мондааст. Аз ин рӯ, ҳал кардани тақдири чунин мероси бузург аз ҷониби гурӯҳе маслиҳат нест. Ин масъулияти бузург бар дӯши кулли миллат аст.

Онҳо бо ишора ба Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки дар қабули ин қарор назари мардумро ба ҳисоб гирифта, масъалро ояндабинона ҳал кунад, то боиси тамасхури дӯсту душман нашавем.

Шаҳрдорӣ: Масъала ниҳоӣ нашудааст

Хабари кӯчонидани хона-музейи Садриддин Айнӣ дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овард ва дар пайи ин шаҳрдории Душанбе бо нашри вокуниш гуфтанд, ки ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст.

“Дар ҳақиқат шаҳрдорӣ ба Академияи милии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод ироа намудааст. Вале ин қарор ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдорӣ Ҷамшед Олимзода.

Ба гуфтаи Олимзода, дар сурати вайрон кардани хона-музей низ дар ҷойи он бунёди ягон бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо дар мавриди дар ин макони сохта шудани меҳмонхона ё бинои таъйиноти дигар асоси воқеӣ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.