Раҳмон ва Пашинян доир ба вазъ дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон суҳбат карданд

Бо ташаббуси ҷониби Арманистон шоми 17 ноябр суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвазири Арманистон ҳамчун раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ҷонибҳо […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси ҷониби Арманистон шоми 17 ноябр суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвазири Арманистон ҳамчун раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя намуда,  ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд.

Қобили зикр аст, ки вазъият дар марзи байни Арманистону Озарбойҷон рӯзи 13 ноябр шиддат гирифт. Дар Вазорати мудофиаи Арманистон изҳор намуданд, ки қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон кӯшиш кардаанд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд ва бо ин сабаб байни низомиён тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти ВАО, артиши Озарбойҷон аз самти вилоятҳои Сюникс ва Гегаркуникс қаламрави Арманистонро убур кардааст.

Дар ин робита Арманистон ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва президенти Русия Владимир Путин муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки дар ба эътидол овардани вазъ кумак кунанд.

Пас аз гуфтугӯи вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо ҳамтоёни худ аз Арманистону Озарбойҷон, ҷонибҳо ҷиҳати қатъи оташбас дар сарҳад тадбирҳо андешиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.