Шартҳои “Толибон” барои либоси занон: “либоси нозук напӯшед ва барҷастагиҳоятонро намудор накунед”

Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастури наве барои занони Афғонистон содир кардааст, ки чӣ гуна метавонанд либос бипӯшанду чӣ гуна либос пӯшидан мумкин нест.  Ба иттилои шабакаи "Тулуънеюс" ин вазорат гуфтааст, ки занони мусалмон ҳақ доранд аз зоҳири ороста баҳраманд шаванд, аммо ҳақ надоранд худнамоӣ кунанд.  Ин ниҳоди толибон, дар дастуре, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр […]

Asia-Plus

Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастури наве барои занони Афғонистон содир кардааст, ки чӣ гуна метавонанд либос бипӯшанду чӣ гуна либос пӯшидан мумкин нест. 

Ба иттилои шабакаи "Тулуънеюс" ин вазорат гуфтааст, ки занони мусалмон ҳақ доранд аз зоҳири ороста баҳраманд шаванд, аммо ҳақ надоранд худнамоӣ кунанд. 

Ин ниҳоди толибон, дар дастуре, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр барои хутбаҳои намози ҷумъа содир кардааст, гуфтааст, ки ҳеч зане ҳақ надорад дар пеши мардон худнамоӣ кунад. 

"Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад",-омадааст дар ин дастур.

Ин вазорат пӯшонидани сурати занонро фарз хонда ва гуфтааст, ки риояти ҳиҷоб аз зоеъ шудани неруи фикрӣ ва кории ҷавонон ба унвони  сутунфуқароти ҷомеа (қишри муҳими ҷомеа) ҷилавгирӣ мекунад.

Ҳукумати толибон баъди ба ғасби қудрат дар Афғонистон дастурҳои сангинеро барои риояти дастурҳои исломӣ ҷорӣ кардаанд, ки бештари мардуми Афғонистон ин қоидаҳоро бардоштҳои толибон аз ислом унвон мекунанд. 

Аз ҷумла 12-уми ноябр расонаҳои Афғонистон хабар дода буданд, ки Толибон дар Бадахшон як сокини деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошимро барои гӯш кардани мусиқӣ лату кӯб карданд ва куштанд.

Рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и чопи Кобул аз ин ҷавон Воҳидуллоҳ ном бурда буд, ки  ӯро толибон ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ аз телефони ҳамроҳаш боздошт карда буданд.

Толибон дар ҳукумати қаблияшон (1996-2001) барои қоидаҳои сахтгиронашон, ки ҳамчун дастурҳои диннӣ ба мардум ва ҷомеаи Афғонистон талаққӣ мекарданд, ҳамеша аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди интиқод қарор мегирифтанд. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.