Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро интихоб кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат – сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд, – омадааст дар хабар. – Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ «Камоли Хуҷандӣ» навишта шуда, дар поёни он «700» бо рақам нишон дода шудааст. Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст”.
Гуфта мешавад, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд ба сифати намуна аз рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, ки дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.president.tj) ҷойгир шудааст, васеъ истифода намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.