Чоршанбе Чоршанбиевро аз Русия ихроҷ карданд

Додгоҳи Останкинои Маскав бо як ҳукми худ Чорршанбе Чоршанбиев, блогери тоҷик ва размикори риштаи ММА-ро аз Русия ихроҷ кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии "РИА Новости"-и Русия хабар медиҳад. Чорашнбе Чоршанбиев ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Маскав муттаҳм мешуд ва додгоҳ бо ин ҷурм имрӯз қарори ихроҷи ӯро аз ҳудуди Русия содир кард.  […]

Asia-Plus

Додгоҳи Останкинои Маскав бо як ҳукми худ Чорршанбе Чоршанбиев, блогери тоҷик ва размикори риштаи ММА-ро аз Русия ихроҷ кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии "РИА Новости"-и Русия хабар медиҳад.

Чорашнбе Чоршанбиев ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Маскав муттаҳм мешуд ва додгоҳ бо ин ҷурм имрӯз қарори ихроҷи ӯро аз ҳудуди Русия содир кард. 

Дар баробари ихроҷ, додгоҳ ҳамчунин Чоршанбиевро ба андозаи 5000 рубли русӣ ҷарима низ кардааст.

Додгоҳ гуфтааст, ки то замони берун карданаш аз ҳудуди Русия, Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё "спец-прёмник" нигоҳдорӣ мешавад.

Қабл аз содир шудани қарори додгоҳ, хабаригузории ТАСС хабар дода буд, ки пулиси Маскав аз додгоҳ хостааст, Чоршанбиевро аз Русия ихроҷ кунад.

Чоршанбе Чоршанбиев, ки яке аз чеҳраҳои ҷанҷолбарангези шабакаҳои иҷтимоӣ аст, рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили тунели Лефортово дар Маскав боздошт шуда буд. Ӯ баъди як изҳороташ дар мавриди тоҷикону тоҷикистониён чеҳраи пурбаҳс шуд.

Худи Чоршанбиев дар бозпурсиҳо ҳаракат бо суръати баландро сари чанбари мошин эътироф кард, вале гуфт, ки навори видеоии саҳнаи ронандагиашро шояд бародаронаш дар интернет нашр кардаанд. Ӯ ба татфишот гуфтааст, ки ин навор нав нест ва он тобистон сабт шудааст.

Чоршанбиев зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст ва аз соли 2016 бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул буда, чор бор ғалаба ба даст овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.