Дар Иркутск ҷасади як марди тоҷикро дар дарахте овехта ёфтанд

Дар шаҳри Иркутски Русия ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарахте овехта пайдо кардаанд. Ин ҳодиса 12-уми декабр рух додааст ва гуфта мешавад ин муҳоҷир Маҳмуд Аҳмадови 57-сола будааст.  Мақомоти Русия расман то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале наздикони ин муҳоҷир гуфтаанд, ки ӯ ду ҳафта пеш нопадид шуда буд. Як тан аз наздикони ин муҳоҷир ба радиои […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Иркутски Русия ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарахте овехта пайдо кардаанд. Ин ҳодиса 12-уми декабр рух додааст ва гуфта мешавад ин муҳоҷир Маҳмуд Аҳмадови 57-сола будааст. 

Мақомоти Русия расман то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале наздикони ин муҳоҷир гуфтаанд, ки ӯ ду ҳафта пеш нопадид шуда буд.

Як тан аз наздикони ин муҳоҷир ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки мақомоти Русия ҳодисаро аз рӯйи фарзияи худкушӣ таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ин хешовандаш, ин муҳоҷири тоҷик, ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад.

“Ӯ гуфтааст, ки раҳбари як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар як сохтмон буд. Пули сохтмонро аз корфармо гирифта ба муҳоҷирон медиҳад, вале корфармо биноро қабул намекунад ва мегӯяд, ки пулро баргардонанд. Ҳамин хел шикоятҳо доштааст, вале касе ба худкушии ӯ бовар надорад", – гуфтааст ӯ.

Ҳанӯз сабаби марги ин муҳоҷири тоҷик маълум нашудааст.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки тасмим доранд, рӯзи 17-уми декабр ҷасадро ба Душанбе фиристанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст