Дар Теҳрон 85-солагии Ҳабибулло Абдураззоқовро ҷашн мегиранд

Ин аввалин бор аст, ки дар Эрон барои як ҳунарманди арсаи синамои тоҷик накӯдошт дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад. Муассисаи фарҳангии ЭКО соли 2022 тасмим дорад бузургдошти 85-солагии Ҳабибулло Абдураззоқов – коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар Теҳрон баргузор намояд. Дар ин бора Шоҳмансур Шоҳмирзо, масъули равобити оммаи Муассисаи фарҳангии ЭКО дар саҳфаи фейсбукии […]

Asia-Plus

Ин аввалин бор аст, ки дар Эрон барои як ҳунарманди арсаи синамои тоҷик накӯдошт дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.

Муассисаи фарҳангии ЭКО соли 2022 тасмим дорад бузургдошти 85-солагии Ҳабибулло Абдураззоқов – коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар Теҳрон баргузор намояд. Дар ин бора Шоҳмансур Шоҳмирзо, масъули равобити оммаи Муассисаи фарҳангии ЭКО дар саҳфаи фейсбукии худ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар дидори Сарвар Бахтӣ – Раиси ин Муассисаи байналмилалӣ бо Масъуд Ҷаъфарии Ҷузонӣ – коргардон, нависанда ва филмсози эронӣ матраҳ шудааст.

Қарор шудааст ин маросим бо ширкати ҳунармандон ва синамогарони машҳури кишварҳои ЭКО дар Муассисаи фарҳангӣ ҳамроҳ бо филме аз зиндагӣ ва фаъолияти Ҳабибулло Абдураззоқов ва намоишгоҳи акс барпо шавад.

Ёдовар мешавем Ҳабибулло Абдураззоқов дар сериёли телевизонии 44- қисматии "Дар чашми бод", ки бузургтарин пружаи сериёлсозӣ дар телевизиони Эрон аст, ҳамроҳ бо чанд ҳунарпешаи дигари тоҷик нақш бозида буд.

Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ аз дӯстони наздики марҳум Абдураззоқов ва муаллифи филмҳои "Ба сӯи озодӣ", "Ҷодаҳои сард", "Дар масири тундбод", "Булуғ", "Пушти девори сукут", "Биҳишти табаҳкорон", "Хоҷа Насираддини Тусӣ" ва ғайра мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.