Тоҷикистон дар баҳси вижаи “Толибон” дар Исломобод иштирок мекунад

Дар нишасти вижаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Исломобод, ки меҳвари он баҳси “Толибон” аст, Тоҷикистон дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ ширкат мекунад. Қарор аст, ин конфронс рӯзи якшанбе ба кори худ оғоз кунад. Ширкати муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзодаро дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” таъйид карданд ва гуфтанд, […]

Дар нишасти вижаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Исломобод, ки меҳвари он баҳси “Толибон” аст, Тоҷикистон дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ ширкат мекунад. Қарор аст, ин конфронс рӯзи якшанбе ба кори худ оғоз кунад.

Ширкати муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзодаро дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Азия-Плюс” таъйид карданд ва гуфтанд, ки ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро дар ин нишаст бори дигар изҳор мекунад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид мекунад, ки Музаффар Ҳусейнзода бо даъвати вазири корҳои хориҷии Покистон дар ин конфронс ширкат мекунад.

Интизор меравад дар нишаст вазъи Афғонистон, ба вижа расонидани ёриҳои моддӣ ба ин кишвар баррасӣ шавад.

Покистон, ки мизбонии ин нишастро бар дӯш дорад, аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ хоста буд, ки барои иштироки намояндаи “Толибон” дар нишаст мувофиқат кунанд.

Вазорати хориҷаи “Толибон” гуфтааст, ки Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа ҳукумати “Толибон”-ро намояндагӣ мекунад. Ин нахустин ҳузури “Толибон” дар як созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳузури онҳо дар ҳолест, то кунун ҳеч кишваре давлати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо “Толибон” надоштааст.

Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) гардид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.