Таъмири навбатии нақби “Истиқлол”. Роҳи Душанбе-Хуҷанд баста мешавад

Шурӯъ аз 20 декабри соли равон ҳамарӯза аз соати 9: 00 то 13:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе Хуҷанд қатъ карда мешавад. Дар ин бора Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо нашри як эълон хабар додааст. Манбаъ менависад, ки тасмими мазкур ба гузаронидани корҳои таъмир ва барқароркунӣ дар дохили нақби "Истиқлол" рабт дорад. […]

Шурӯъ аз 20 декабри соли равон ҳамарӯза аз соати 9: 00 то 13:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе Хуҷанд қатъ карда мешавад. Дар ин бора Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо нашри як эълон хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки тасмими мазкур ба гузаронидани корҳои таъмир ва барқароркунӣ дар дохили нақби "Истиқлол" рабт дорад.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҷараёни корҳои таъмир роҳ эҳтимол то 10 рӯз баста шавад.

Дар як соли охир ин бори дуввум аст, ки дар пайи корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол” ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баста мешавад.

Аз ин пештар, дар пайи оғози корҳои таъмиру таҷдид дар нақби «Истиқлол» аз моҳи июн то се моҳ ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд маҳдуд  шуда буд.

Он замон  ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи нақби «Истиқлол» аз соати 6:00 то 12:30 аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва аз соати 12:30 то 19:00 аз самти Душанбе ба Хуҷанд манъ буд. Дар ин соатҳо ҳаракати роҳ дар дохили нақб яксамта сурат мегирифт.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли равон Тоҷикистону Эрон бо нашри як қарордод миёни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол” ба тавофуқ расида буданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азими Иброҳим гуфта буд, “марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид”.

Он замони гуфта нашуда буд, ки барои анҷоми корҳои марҳилаи дувуми такмили бунёди нақби “Истиқлол” чӣ миқдор маблағ масраф мешавад, аммо ишораҳо буд, ки саҳми ҷонибҳо 50 дарсадӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол моҳи октябри соли 2019 Ризо Ардакониён, муовини вазири энержии Эрон ҳангоми дидор бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон ба расонаҳои эронӣ гуфта буд, ки Эрону Тоҷикистон барои анҷоми корҳои нақби “Истиқлол” муштаракан 10,5 млн доллар ихтисос хоҳанд дод, ки саҳми 50 дарсадӣ хоҳад буд.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 млн доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.